Мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) аз барои ширкати «РусАЛ» муносибатҳои Тоҷикистону Русияро халадор карданӣ нест.
Директори молиявии корхонаи «ТАЛКО» Шералӣ Кабиров имрӯз зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки «мо намехоҳем, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо бо ин корхона ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русия ҳам дар иқтисоду ҳам дар сиёсат мухолиф бошанд ва барои роҳ надодан ба чунин вазъ, мо аз тамоми имокноти мавҷудаамон истифода мекунем», - гуфт Кабиров.
Дар робита ба мурофиаи судӣ миёни «ТАЛКО» ва корхонаи фаръии «РусАЛ» - Hamer Investing Ltd Кбиров зикр кард, ки ин ширкат бо корхона ҳамагӣ муддати якуним сол ҳамкорӣ дошт ва имрӯз тавассути суди Швейтсария аз онҳо пардохти маблағи зиёдеро тақозо дорад. «Ин талабот бозгӯи он аст, ки онҳо на он қадр боинсоф будаанд, ки чунин мавқеъгирии худро зоҳир мекарданд», - таъкид дошт ӯ.
Ба қавли Кабиров, мақомоти раҳбарии корхона аз он дар ҳайрат аст, ки «мурофиаи ҳакамӣ, ки бояд махфӣ мегузашт, ошкоро ҷараён гирифт». «Имконоти зиёде мавҷуданд, ки тариқи он метавон ин масъаларо дар доираи манфиатҳои мо ва манфиатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасл намуд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли ҷорӣ суди ҳакамии Швейтсария қарор кард, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба корхонаи фаръии «Русал» - Hamer Investing Ltd барои зиёни расида бо шумули тамоми хароҷоти судӣ бояд 275 млн. $ маблағ пардохт намояд.
Ҳамчунин нимаи моҳи ноябр сохтори фаръии ширкати муттаҳидаи РУСАЛ (Русский алюминий) - Alumina & Bauxite Co. Ltd. (Albaco) бобати таъини барҳамдеҳи ширкати CDH Investments Corp . ба Суди олии Кариби Шарқӣ ариза дод.
Тавре дар иттилоияи РУСАЛ зикр гардида буд, CDH Investments Corp. тариқи ҷадвалҳои толлингӣ ба таъмини Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо гилхок машғул буда, маҳсулоти тайёри онро ба фурӯш мегузошт. Albaco дар бораи таъмини барҳамдеҳи CDH Investments Corp ба суд ариза дод, то ки маводи махфии ширкати CDN-ро дастрас намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста