Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаҳои масолеҳи сохтмон ба маблағи 414,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ,  дар ин давра 306,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 85,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ҳаҷми воридти семент ба ҷумҳурӣ тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 1 млн. 37 ҳазор тонна ба маблағи 99 млн. $-ро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ талаботи Тоҷикистон ба семент ба 2-2,5 млн. тонна дар як сол баробар аст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон 125 млн. дона хишт (11 млн. дона зиёдтар нисбат ба соли гузашта), 15 ҳазор метри мураббаъ плитаҳои сохтмонӣ (6,4 ҳазор метр бештар) ва 575,7 метри мукааб масолеҳи ғайримаъданӣ (204,3 метри мукааб бештар) истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти хокаи квартсӣ дар ин давра 80,8 ҳазор тонна (79,3 ҳазор тонна дар соли 2012) ба маблағи 2 млн. $ ва масолеҳи лаку рангмолӣ 204 тонна (146 тонна дар соли 2012) ба маблағи 138,9 ҳазор $-ро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 26 корхонаи масолеҳи сохтмон мавриди истифода қарор гирифта, 921 нафар дар онҳо бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Айни замон дар Тоҷикистон 204 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд.