Мутахассисони ширкати чинии Beijing Uni-Construction Group Co. ба корҳои омодагии таҷдиди оташдони дуюми корхонаи «Тоҷиксемент» оғоз карданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз 6 оташдони корхонаи «Тоҷиксемент» 1-тоаш азнавсозӣ шуда, акнун ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунад ва корҳои такмили он то ҳанӯз идома доранд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, иқтидори оташдон истеҳсоли 600 тонна семент дар як шабонарӯз ва оташдони дуюм низ иқтидораш ҳамин миқдор хоҳад буд.
«Маблағи қарордоди дуюм низ 7,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 150 ҳазор доллараш ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва боқимонда маблағи ширкати чинӣ ба сифати қарзи бефоиз аст. Муҳлати пардохти қарз 2 сол буда, анҷоми ивази таҷҳизот дар оташдони дуюм моҳи марти соли 2014 дар назар аст», - гуфтанд дар вазорат.
Маврид ба ёдоварист, ки аз оғози сол то моҳи октябр «Тоҷиксемент» бар асари мавҷуд набудани гази табиӣ аз фаъолият бозмонда буд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 235 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд, ки 203 ҳазор тоннаш дар ин корхона истеҳсол гардида буд.
Тоҷикистон асосан аз Покистон семент мехарад, ки ҳаҷми солонаи воридоти он аз ин кишвар ҳудуди 1,7 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи «Тоҷиксемент» ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент баробар аст, вале ягон бор корхона тибқи иқтидори лоиҳавӣ махсулот истеҳсол накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста