Ширкати «Далекси тренд»-и Испания барои муҷаҳҳаз намудани корхонаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 19 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ҷиҳати сохтмони корхонаи мазкур соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Ёвон Исломиддин Ҳакимов 4,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
«Корхона бо иқтидори истеҳсоли 2,8 тонна гӯшти мурғ дар як сол моҳи марти соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта, 70 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ дар он таъмин мегарданд», - зикр кард Шарифзода.
Дар идома ӯ қайд кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз палатаи поёнии парлумон дархост мекунад, ки воридоти таҷҳизот ба корхона аз ҷониби ширкати Испания ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ ва якдилона ин пешниҳоди ҳукуматро дастгирӣ намуда, ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» тасҳеҳоти зарурӣ ворид намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста