Давоми солҳои 2013-2014 Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои Тоҷикистон 7 лоиҳа ба маблағи умумии 142 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморидааст.
Бино ба маълумоти бонк, лоиҳаҳои ислоҳоти низоми маъмурии андозбандӣ (18 млн. $), бурси барномавӣ оид ба андешидани тадбирҳои сиёсат бо мақсади рушд (20 млн. $), лоиҳаи таъмини шуғли ҷомеа барои рушди устувори бахши кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обӣ (46 млн. $) ва лоиҳаи беҳбуди хизматгузориҳо дар бахши тандурустӣ (23 млн. $) аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (АБР) ва Фондҳои трастӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Зикр мегардад, ки лоиҳаи идораи устувори экологии захираҳои замин ва беҳбуди таъминоти ҳаёт дар деҳот (17 млн. $), бурси чорум аз воситаҳои Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (16 млн. $) ва лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ дар сохтори давлатӣ (2 млн. $) пурра аз ҳисоби воситахои Фондҳои трастӣ маблағгузорӣ шуданд, ки ба сарфаи воситаҳои АБР барои дигар лоиҳаҳои афзалиятнок имкон додааст.
Ба иттилои бонк, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои нав 71 млн. $ аз ҳисоби воситаҳои АБР, 66 млн. аз ҳисоби воситаҳои Фондҳои трастӣ ва 5 млн. $ аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати ҶТ ва ҷамоатҳои маҳаллиро ташкил медиҳад.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сандуқи амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа бо маблағи умумии 205,9 млн. $ иборат буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста