Вазъи мавҷуда тайи чанд соли ахир дар мавриди транзити бор тариқи роҳи оҳани кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО)-ро маҷбур месозад, ки роҳу воситаҳои гуногуни боррасонӣ ба хориҷи кишварро ҷустуҷӯ намояд.
Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, ин омил ба фаъолияти корхона таъсири зиёд дошта, ҷиҳати ҳалли масъала онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ шурӯъ кунанд. «Агар соли 2011 мо тариқи нақлиёти автомобилӣ ҳамагӣ 1,5 ҳазор тонна алюминийро ҳамлу нақл карда бошем, пас соли равон ин нишондиҳанда ба 120 ҳазор тонна расид», - гуфтанд дар ТАЛКО.
Дар ширкат мегӯянд, айни замон онҳо бо бонкҳо ва ширкатҳои лизингӣ ҳамкорӣ доранд, то ки ширкати нақлиётии худро таъсис дода, он ба кашонидани маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар машғул шавад.
«Роҳи пурсамари баромадан ба баҳр самти Эрон буда, Бандар-Аббос нисбати воситаҳои гурҷиву озарбойҷонӣ ва русиягӣ пурсамартар аст, вале бинобар сабаби таҳримҳои нисбати Эрон ҷоришуда, шарикони мо қотеъона аз Бандар-Аббос маҳсулот хариданӣ нестанд ва аз ин рӯ, тавассути ин хатсайр корҳо қатъ шуданд», - таъкид медоранд мақомоти раҳбарии ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ширкат масъалаи ҳамлу нақли маҳсулот тариқи Чин (Қошғар) ва Покистон (Қарачӣ)-ро мавриди ҳаллу фасл қарор додааст.
«Ҳукумати Тоҷикистон феълан масоили марбут ба имзои созишномаи сеҷониба бо Покистон ва Афғонистонро дар ин самт ҳал мекунад ва дар сурати ба имзо расидани ин санад, мо аз вобастагӣ ба Ӯзбекистон, ки бо воситаҳои сиёсӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузоштанианд, раҳоӣ меёбем», - афзуданд дар ширкат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста