Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баъди таваққуфи 16-сола парвозҳо ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро барқарор намуд. Парвозҳо ба ин ноҳия соли 1997 бинобар сабаби вазъи номусоиди фурудгоҳ ва нокофӣ будани шумори мусофирон ба ин хатсайр қатъ гардида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, айни замон фурудгоҳи Ванҷ аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба тартиб оварда шудаааст, ки ба оғози парвозҳо ба ин ноҳия шурӯъ аз соли 2014 имкон медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе тариқи ҳавопаймои нави АН-24 анҷом дода шуда, арзиши билет 70 доллари ИМА муқаррар шудааст ва парвози нахустин рӯзи 6-уми январи соли оянда дар назар аст.
Ноҳияи Ванҷ ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шомил буда, 29-уми майи соли 1933 таъсис дода шудааст. Маркази ноҳияи Ванҷ дар 171 километрии шимоли шаҳри Хоруғ воқеъ мебошад.
Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста