Ширкати «Барқи тоҷик» муваққатан реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар тамоми қаламрави ҷумҳуриро бекор мекунад. Ин туҳфа ба сокинони кишвар ба муносибати фарорасии Соли нав тақдим мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати энергохолдингии кишвар хабар дод, шурӯъ аз соати 06:00-и субҳи 31-уми декабр то соати 23:00-и 1-уми январ интиқоли нерӯи барқ бидуни маҳдудият ба тамоми истифодабарандагон ба таври мунтазам ва доимӣ дар саросари кишвар сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, аллакай аз 2-юми январ ба манотиқи кишвар нерӯи барқ тибқи реҷаи қаблан муқарраршуда – 9 соат дар як шабонарӯз амалӣ мегардад.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар манотиқи кишварро ҷорӣ намуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста