Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев ба роҳбарони фурудгоҳҳо ва хадамоти марбути онҳо ҷиҳати омодагии хуб баҳри қабулу гусели иштирокчиёни нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастуру супоришҳо дод.
Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2014-ро Тоҷикистон ба уҳда дошта, нишасти навбатии он 14-уми сентябри соли равон дар Душанбе дар назар аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, рӯзи 2-юми январ дар назди вазири нақлиёти кишвар Хайрулло Асоев масъалаи тайёрӣ ба ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар соли 2013, таҳияи нақшаву тадбирҳо барои соли 2014 ва як қатор мавзӯҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки имсол 3-юми август 90-солагии соҳаи ҳавопаймоӣ таҷлил карда мешавад ва дар ин робита вазир ҳамаи сардорони раёсату шӯъбаҳо ва масъулонро вазифадор намуд, ки дар омодагӣ ба ин ҷаласа ва таҳияву таҳлилҳои дурнамои соли 2014 ба ҳеҷ иштибоҳ роҳ надиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста