Соли 2013 кишоварзони Тоҷикистон 392 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 96,4%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли 2013 майдони кишти пахта нисбат ба соли гузашта беш аз 4% коҳиш ёфта, пунбадона дар 191 ҳазору 333 гектар кишт шуд, ки дар қиёс бо соли 2012 ба андозаи 8 ҳазору 133 гектар камтар аст ва майдони кишти пунбадона бештар аз ҳама дар навоҳии тобеи марказ (15%) кам карда шуд.
«Сабаби ин ба супориши ҳукумати кишвар оид ба афзоиши майдони кишти сабзавоту мева ва зироати хӯрокворӣ барои мунтазам таъмин намудани сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф бо маҳсулоти кишоварзӣ, шир ва гӯшт рабт дорад», - шарҳ доданд дар вазорат.
Дар Вазорати кишовразӣ зикр карданд, ки коҳиши майдони кишти пахта ҳамчунин ба поинравии нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дастрасии нокофии кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок дар кишвар, болоравии арзиши маводи сӯзишворӣ дар мавсими киштукор, гаронии қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ ва камбуди об дар мавсими киштукор низ вобаста аст.
«Ғайр аз ин, соли 2013 дар доираи «Барномаи рушди пахтакорӣ дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» баҳри рушди ин соҳа аз буҷет воситаҳои пулӣ ҷудо нагардиданд», - гуфтанд дар вазорат.
Дар робита ба соли 2014 бошад, изҳор карда шуд, ки тибқи барномаи дар боло зикршуда, имсол пунбадона дар майдони 200 ҳазор гектар кишт карда мешавад, вале давлат кишоварзонро чун пешина ба иҷрои ягон нақшае уҳдадор нммекунад.
«Деҳқонон худашон кишти зироати барояшон бештар даромаднокро интихоб мекунанд, зеро ин соҳаро давлат бо воситаҳои пулӣ дастгирӣ намекунад ва ҳамааш ба нархҳои ҷаҳонӣ ба пахта, арзиши сӯзишворӣ ва ғайра вобаста хоҳад буд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста