Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо дабири кулли TATSIAD (Иттиҳодияи соҳибкорон-сармоягузорони тоҷику турк) Қодир Семал Гурса мулоқот орост.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар бахши тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифта, Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои соҳибкорони туркӣ, рушди устувори ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва мароқи доираҳои кории Тоҷикистон оид ба роҳандозии тиҷорати муштарак бо соҳибкорони Туркия ҷалб намуд.
«Дар ҳамин ҳол, имрӯз Тоҷикистон ба дастрасии таҷҳизот ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар бахши коркарди нахи пахта, пӯсту пашм ва сабзавоту мева ниёз дорад», - иброз дошт раиси ПСС ҶТ.
Қодир Семал Гурса дар навбати худ зикр кард, ки муносибатҳи ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар ҳоли рушду устувор қарор дошта, дурнамои хуб доранд. «Дар ин самт саҳми палатаҳои савдо ва саноат ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишварҳо беандоза бузург аст, ки кӯшишҳои онҳо баҳри расидан ба натиҷаҳои мушаххас равона шудаанд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста