Зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон У.Усмонов аз ширкатҳои озарбойҷонӣ даъват ба амал овард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ширкат варзанд.
Бино ба иттилои сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба сафир оид ба имконоти Тоҷикистон дар бахши истифодаи захираҳои обии Тоҷикистон маълумоти муфасссал дода, зикр кард, ки 60%-и захирахои обии минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар мавсими тобистон талаботи кишвар ба нерӯи барқро қонеъ месозанд, вале дар фасли сармо кишвар ба камбуди он дучор мегардад.
«Дар тендерҳои эълоншуда оид ба сохтмони нерӯгоҳии хурду миёнаи барқиву обӣ дар Тоҷикистон асосан ширкатҳои чиниву туркӣ ва аврупоӣ ширкат меварзанд», - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Усмонов, давоми моҳи январ навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мавриди истифода қарор мегирад ва ояндаи наздик бошад, баҳри анҷом додани корҳои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқиву обии «Сарбанд» дар дарёи Вахш тендер эълон карда мешавад, ки ба иштирок дар он ӯ ширкатҳои азарбойҷониро низ даъват намуд.
А.Гасанов манфиатдории Озарбойҷон дар рушду тавсеъаи муносибатҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар бахши иқтисод бо шумули гидроэнегетикаро изҳор кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста