Баргузории маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» (ҶCК «НБО «Роғун») санаи 8-уми феврали соли равон дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, маҷлис дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир гардида, дар назар аст, ки он таҳти раёсати нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода доир мегардад.
Дар муддати ду рӯз то оғози маҷлис дар бинои Китобхонаи миллӣ саҳҳомони хоҳишманди Ҷамъият баҳри иштирок дар кори маҷлис метавонанд худро ба қайд гузоранд.
«Саҳҳомон бояд ҳайати нави Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳҳомиро интихоб кунанд, зеро аксари аъзои Шӯрои нозирони ҷамъият, аз қабили собиқ нахуствазир Оқил Оқилов, вазири энергетика Гул Шералӣ, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, вазири рушди иқтисод Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов ва чанде дигарон, ки мансабҳои давлатиро тарк ё ба кори дигар гузаштанд, фурсате фаро расидааст, ки аъзои нави Шӯрои нозирони ҷамъият интихоб карда шавад», - гуфтанд дар Кумита.
Ёдрас мекунем, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 15-уми июни соли гузашта баргузор гардид.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста