Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, номи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Заря Востока», «Востокредмет» ва «Тоҷиксемент» расман ба номҳои «Нури Ховар», «Металлҳои нодири шарқ» ва «Сементи тоҷик» иваз карда шуданд.
Ғайр аз ин, бо қарори ҳукумати кишвар, ба ҷойи Маҳмадсаид Зубайдов, собиқ директори корҳонаи «Сементи тоҷик» Зайнулло Соҳибов директори коронаи мазкур таъин гардид.
Бино ба маълумоти ВАО-и тоҷик, роҳбари нави корхона Зайнулло Соҳибов бародари Шамсулло Соҳибов – язнаи президент Эмомалӣ Раҳмон буда, собиқ директори корхона Маҳмадсаид Зубайдов яке аз наздикони марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дониста мешавад.
Корхонаи «Сементи тоҷик» яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли сементи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, иқтидори лоиҳавии он истеҳсоли 1,1 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки собиқ сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати бахши мудофиа ва кимиёи Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ Зиёдулло Носиров соли 2013 ба мансаби роҳбари корхонаи «Нури Ховар ва ҳамин сол собиқ директори корхонаи «Заря Востока» Қаюм Маҳмадов роҳбари корхонаи «Металлҳои нодири шарқ» таъин шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста