Дар сафоратхонаи Эрон дар ҶТ дар Тоҷикистон қарор доштани 2 млрд. $ маблағе, ки тоҷири маъруф Бобаки Занҷонӣ барои гум шудани онҳо ба ҳабс гирифта шуд, аз эҳтимол дур намедонанд.
Ба гуфтаи як манбаъ аз ин сафоратхона, маблағи пулиро интиқол додани Занҷонӣ аз эҳтимол дур нест, вале шояд барои интиқоли онҳо ба Эрон мушкилоте пайдо шуда бошад.
«Дар ин қазия барои мо ҳам бисёр чизҳо номафҳум аст. Ҳақиқатан ҳам ӯ аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намуд, ки ин маблағ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст, вале БМТ инро рад мекунад. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Агар ӯ ин пулҳоро баргардонад, раҳо карда мешавад. Мо ҳам ба он таваҷҷуҳ дорем, ки чӣ гуна ӯ ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро сохтакорӣ кардааст ва ба назари мо, яқинан ба ин масъала ВАО рӯшанӣ хоҳанд андохт», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.
Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон шарҳи мухтасаре интишор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста