Бонки бузургтарини Ҷопон The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan (UFJ) дар масъалаҳои ҷойгир кунонидани суратҳисобҳои асъорӣ ва рушди муносибатҳои муросилотӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чанде қабл намояндагони ин бонкҳо барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардида буд, мулоқот доир намуданд.
«Барои Тоҷикистон ин маънои онро дорад, ки боз яке аз бонкҳои бузурги ҷаҳон ба иқтисоди кишвар хизматгузорӣ пешниҳод менамояд. Ояндаи наздик бо ин бонк созишномаи ҳамкорӣ ба имзхо хоҳад расид», - хабар доданд аз БМТ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз БМТ дар Бонки федералии захиравии Амрико, ВТБ Русия, «Коммерсбанк»-и Олмон, «Дойче банк»-и Олмон, «Межгосбанк»-и Русия ва ғайра суратҳисобҳои асъорӣ дорад.
The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan яке аз бузургтарин бонкҳои Ҷопон аст. Шабакаи байнулмилалии бонк дар 40 кишвари дунё намояндагӣ дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста