Ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳад, ки сарфи назар аз сардиҳои фарорасида, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи шадид намудани реҷаи маҳдуди истифода барқ дастур надодааст.
Дар изҳороти имрӯз интишоргардидаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки реҷаи интиқоли барқ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан аз ҷониби ширкат риоя карда мешавад.
«Лимит на аз рӯи соат, балки аз рӯи кВт/соат риоя мешавад, яъне ба ин ё он минтақа ҳаҷми муайяни барқ интикол дода шуда, мақомоти иҷроияи ин маҳал мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунад. Ин маънои онро дорад, ки агар нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад, он ба муддати зиёдтаре кифоя хоҳад буд, яъне нишондиҳандаи вақти нерӯи барқ шартӣ аст», - таъкид мекунанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳи аввали ҷорӣ шудани лимит (ноябр) ба истеъмолгарон 1 млрд. 271 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба реҷаи қаблан тасдиқшуда 51 млн. кВт/соат зиёдтар аст. «Дар манотиқе, ки ба истифода нерӯи барқ сарфакорона муносибат намуданд, нерӯи барқ ба муддати тӯлонитаре барояшон дастрас буд», - иброз мекунанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар манотиқи кишварро ҷорӣ намуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста