Барои анҷом додани корҳои таъмиру омодагӣ нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» фаъоляти худро қатъ намуд.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар дода, зикр карданд, ки қатъи кори нерӯгоҳ пешакӣ мувофиқа нашуда, муваққатан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳ ба масъалаи қарзи «Барқи тоҷик» ба он муносибат надорад.
«Маҳз дар кадом сана ба итмом расидани корҳои таъмиру омодагӣ номаълум буда, вале нерӯгоҳ ҳатман фаъолият хоҳад кард», - гуфтанд дар вазорат.
Қаблан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳро на дар Вазорати энергетикаву на дар ширкати «Барқи тоҷик» ва на дар худи нерӯгоҳ шарҳ надоданд.
Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз нимаи моҳи декабр қатъ шудааст, аммо сабаби аслии онро дар ҳукумат шарҳ намедиҳанд ва аз замони дубора барқарор шудани фаъоляти он низ огаҳӣ надоранд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расида, дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро қатъ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста