Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид дастовардҳои воқеии ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногунро мусбат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки санаи 21-уми январ дар шаҳри Пекин таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Ганхай доир мегардад. «Рӯзномаи ҷаласа пурмуҳтаво ва ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз чорабинии мазкур таҳкими ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаву судманд миёни кишварҳои узви СҲШ мебошад», - гуфт раиси ПСС ҶТ.
Фан Сянжун дар навбати худ изҳор кард, ки ба туфайли саъйу кӯшиши сарони ҳарду кишвар робитаҳои дуҷониба мудом дар ҳоли рушд қарор дошта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. «Баргузории намоишгоҳҳои Чин дар Тоҷикистон ва ҳамчунин иштироки сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар кори ярмаркаҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Урумчӣ ва Қошғари Чин ба таҳкими боз ҳам бештари ҳамкорӣҳо мусоидат мекунад», - гуфт сафири Чин.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста