Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти мақомоти раҳбарӣ ва кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо сарварии роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби БАТР табодули назар намуда, ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби ин бонк дар Тоҷикистон маблағгузоришударо муҳокима карданд.
Қобили зикр аст, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба рушди зербинои мунитсипилаии Тоҷикистон, аз ҷумла беҳбуди вазъи хизматгузорӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ маблағгузорӣ карда, ҳамроҳ бо дигар ташкилотҳои молиявӣ баҳри рушди ин соҳа ба сифати қарз ва ҳамчунин бурсҳо ҳудуди 100 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намуд.
Бино ба маълумоти намояндагии БАТР дар Душанбе, ин дастгирӣ ва кумак дар доираи тарҳҳои дарозмуҳлат оид ба таҷдиди зербинои мунитсипиалӣ амалӣ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста