- Бо иҷозат надодан ба Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми муомилоти молӣ бо Чин тариқи қаламрави худ, Қирғизистон озодии транзити Тоҷикистонро нодида мегирад, - чунин мешуморад мушовири байнулмилалии Маркази байнулмитлалии тиҷорат (МБТ, ITC) оид ба узвият ба Созмони байнулмилалии тиҷорат (СБТ) Роҳат Токтоналиев.
«Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳрро надорад, аз ин рӯ, ба роҳу воситаҳои гуногуни транзити пайвасташавӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳавасманд аст. Тайи солҳои ахир Тоҷикистону Қирғизистон бо дастгирии Бонки осиёгии рушд ба зербинои роҳи мошингард, ки Тоҷикистонро бо Чин тариқи қаламрави Қирғизистон пайваст мекунад, ба таври қобили мулоҳиза маблағгузорӣ намуданд. Ин роҳ барои Тоҷикистон воситаи арзонтарини савдо бо Чин мебошад, вале Қирғизистон транзити байнулмилалӣ тариқи гузаргоҳи Қарамикро, ки дар инроҳ мавҷуд аст, манъ кард», - зикр мегардад дар гузориши таҳиянамудаи Токтоналиев таҳти унвони «Таҳқиқоти монеъаҳо дар савдо, ки бахши хусусии Тоҷикистон бо онҳо зимни содироти мол ва хизматгузорӣ ба бозорҳои ҷудогона дучор мешавад».
Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи Токтоналиев, Қирғизистон тасдиқ мекунад, ки мувофиқи созишномаи дуҷониба аз соли 2004, гузаргоҳи марзии Қарамик на барои тиҷорати байнулмилалӣ, балки барои савдои дуҷониба таъин шудааст.
Ӯ таъкид месозад, ки айни замон ҳамлу нақли дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин тариқи ағбаи Қулма ё нуқтаи байнулмилалии убури марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сурат мегирад.
«Ҳардуи ин роҳҳои алтернативӣ барои боркашонони автомобилӣ дарозтар ва гаронтар буда, солҳои ахир аз гуфтушунидҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ин масъал ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аллакай якҷониба мақоми нуқтаи убурро тағйир дода, онро аз дуҷониба ба байнулмилалӣ табдил дод», - гуфта мешавад дар таҳқиқот.
Ба андешаи Токтоналиев, ин вазъ хилофи озодиии транзит аст, ки тибқи моддаи V-и ГАТТ (Созишномаи генералӣ дар бораи тарофаҳо ва савдо) аз соли 1994 эътироф шудааст.
Мушовири байнулмилалии МБТ бар ин назар аст, ки дар доираи механизми мавҷудаи Созмони байнулмилалии тиҷорат метавон машваратҳои дуҷониба оид ба ин масъаларо роҳандозӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста