Масъулини Палатаи саноат ва савдои ҶТ тасмим доранд, дар соли 2014 намоишгоҳи бахши сайёҳии Тоҷикистонро доир созанд.
Дар ин бора Саид Шарифов, раиси Палатаи саноат ва савдо имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ниёз ба муаррифии бештаре дорад.
Ба гуфтаи ӯ, рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ниёз ба инфрасохтори замонавӣ дорад.
Вай гуфт: “Имрӯз дар Тоҷикистон сайёҳиро ба Варзоб ё Хоҷа Оби Гарм ва ё Баҳористон рафта омадан мефаҳманд. Аммо ин маънои рушди сайёҳиро надорад. Мо бояд дигар намуди сайёҳиро дар кишвар рушд диҳем. Сайёҳии шикор, лижаронӣ, кӯҳнавардӣ ва намудҳои дигари ҷаҳонгардӣ вуҷуд дорад, ки дар Тоҷикистон эҳёи онҳо имконпазир аст”.
Саид Шарифов иброз дошт, ки 93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар кишварамон манзараву табиати зебо зиёд аст, аммо роҳу инфрасохтор кам аст. Бинобар ин, рушди сайёҳӣ назаррас нест.
Ба қавли ӯ, маконҳое ҳаст, ки шояд аз Хоҷа Оби Гарм даҳҳо маротиба зебо ва назаррабо бошад, аммо роҳи рафтан ба он ҷойҳо мавҷуд нест.
Раиси Палатаи саноат ва савдо мегӯяд, ки сайёҳ пулашро сарф мекунад, то роҳат бинад. Вай афзуд: “Дар Тоҷикистон бо шурӯи парвози ҳавопаймоҳои Боинг омадани сайёҳон рӯ ба афзоиш ниҳод. Зеро сайёҳон пеш аз омадан ба ин ё он давлат аввал маълум мекунанд, ки кадом намуди ҳавопаймо ба он самт парвоз мекунад. Пурсуҷӯ мекунанд, ки кадом меҳмонхонаҳо дар ин кишвар мавҷуданд”.
Ба андешаи ӯ, як қатор меҳмонхонаҳои кишвар шароити хуби пазируфтани меҳмононро доранд. Аммо барои бунёди ин гуна иншоот маблағи зиёд лозим аст.
Ҳамчунин Саид Шарифов ба журналистон як муроҷиатномаи Палатаи саноат ва савдо ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар мавзӯи ҳамкорӣ бо ин сохтор супорид. Дар муроҷиатнома аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки барои пешрафти Тоҷикистон ва рушди иқтисоди он бо ин сохтор ҳамкорӣ кунанд. Дар он гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозор аст ва ба сармоягузории бештаре ниёз дорад. “Биёед, саҳми худро дар рушди Тоҷикистон гузорем”, - омадааст дар муроҷиатнома.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста