Ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар соли 2014 метавонад 700 млн. кВт/соат ба маблағи 25,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад.
Дар ин бора дар гузориши Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2014 ва нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи солҳои 2015-2016, ки аз ҷониби сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардидааст, маълумот дода мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи умумии 33,2 млн. $ (соли 2012 – 21,3 млн. $) нерӯи барқ содир кард.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон дар мавсими тобистон асосан ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол медиҳад.
«Имконоти содироти барқ аз Тоҷикистон дар мавсими тобистон хеле зиёдтар буда, аммо ҳамасола лозим меояд, ки обро тавассути агрегатҳо бидуни тавлиди барқ холӣ партоб кунем. Ин нерӯи барқи зиёдатиест, ки метавон онро фурӯхта, даромади хуб ба даст овард», - зикр карданд дар вазорати мазкур.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2008 Тоҷикистон партоби холии об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои бузургро амалӣ намуда, ҳаҷми солонаи партоби холии об ба ҳисоби миёна ба истеҳсоли аз 5 то 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ рост меояд, ки маблағи он тақрибан ба 150-200 млн. доллари ИМА баробар аст.
Дар назар аст, ки соли 2015 Тоҷикистон ҳаҷми содироти барқро то 750 млн. кВт/соат (27,3 илн. $) ва соли 2016 то ба 800 млн. кВт/соат (29,1 млн. $) мерасонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста