Корхонаи коркарди сангҳо бо номи «Корона Мрамор», ки сохтмонаш соли 2013 оғоз шуда буда, нимаи авали моҳи марти соли равон дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Абдусалом Олимшоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар деҳаи Даштаки ноҳия воқеъ буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол аз 1500 то 1600 метри квадрати сангҳои кимматбаҳоро ташкил медиҳад. Бинои корхона барои истифода омода аст, аммо бояд таҷҳизот барои коркарди сангҳо, ки аз Душанбе дастрас мешаванд, васл карда шаванд
«Корхона дар муддати аввал метавонад зиёда аз 10 нафарро бо чойи кори доимӣ таъмин кунад. Мунтаззам дар сурати боло рафтани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона шумораи коргарон аз ҳисоби шахсони бекори маҳаллу деҳото зиёд карда мешавад», - афзуд номбурда.
Ба гуфтаи Олимшоев, барои сохтмони корхона 1,5 млню сомони аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сарф шудааст. «Корхона сангҳои ороиширо барои истифода дар кори сохтмонии беруни биноҳо, аз қабили мармар коркард месозад ва мақсад дорад фурўши ин намуд сангҳоро дар тамоми чумҳури ба роҳ монад. Дар корхона сангҳои маҳаллӣ коркард шуда, бо нархҳои нисбатан арзонтар ба бозорҳои кишвар содир карда мешаванд», - қайд кард Олимшоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста