Тайи се соли оянда (солҳои 2014-2016) Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барномаи кӯмак дар ҳаҷми 313,9 млн. доллари ИМА бо шумули интизорӣ аз маблағгузории шарикони дигар оид ба рушдро пешниҳод карданист.
Зимни брифинг дар Душанбе рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. дар ин маврид изҳор кард, ки барномаи пешбинишуда ба беҳбуди робитаҳои минтақавӣ ва муҳити сармоягузорӣ нигаронида шудааст.
«БОР ба муоидат дар беҳбуди зербинои бахши энергетика ва нақлиёт, тавсеъаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматгузориҳои беҳтари иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон идома мебахшад», - гуфт ӯ.
Намояндаи бонк таъкид дошт, ки барномаи кумак дар давраи солҳои 2014-2016 лоиҳаҳои коҳиши талафоти барқ, таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар роҳандозии таълими касбиву техникӣ ва омӯзиш, бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон, рушди захираҳои обӣ ва дастгирии ислоҳот ҷиҳати беҳбуди муҳити сармоягузориро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста