Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 15,5 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули зиёда аз 2,1 ҳазор беморон дар як баст ва бемористонҳо барои 521 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 36 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.
Дар Кумита зикр карданд, ки имрӯз корҳои омодасозӣ ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент (95%), Қайроққум (50%), Бохтар (60%), Ҷомӣ (25%), Восеъ (80%) ва Гончӣ (70%) идома доранд.
«Таҳияи нақшаҳои генералии 9 шаҳру ноҳияҳо пурра ба итмом расида, айни замон онҳо дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то соли 2015 таҳия ва тасҳеҳ шаванд», - гуфтанд дар Кумитаи мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста