Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта намояндагони КВД «Тоҷиксуғурта» иттилоъ доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Тоҷик Эйр» аз корхонаи мазкур қарздоранд.
Директори генералии корхонаи мазкур Аловиддин Сатторов дар ин робита зикр кард, ки мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ, аз ҳар як билети фурӯхта ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд 2%-и маблағро ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» гузаронанд. «Агар ҳукумат коҳиши ин фоизро пешниҳод кунад, мо розием, вале имрӯз аққалан ҳамин 20%-и муқарраршуда тибқи қонунро ҳам гирифта наметавонем», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, ин фоизҳо барои ҳар як билет барои он ситонида мешаванд, ки аз замони нишастан ба ҳавопаймо то фуруд омадан ба майдони ҳавоии кишвари дигар мусофир бояд бо суғурта (бима) таъмин бошад. «Чунин таҷриба дар саросари ҷаҳон мавриди истифода қарор дошта, мусофирон барои ҳаёташон бояд бо суғурта таъмин бошанд. Ширкатҳои хусусии суғуртавӣ ба бимаи мусофирон ҳуқуқ надоранд», - зикр кард Сатторов.
Номбурда ҳодисаи садамаи ҳавопаймои аз Шарҷа (АМА) ба Тоҷикистон парвозкардаро ёдовар шуда, изҳор намуд, ки «Тоҷиксуғурта» ягона ширкате буд, ки аз рӯйи уҳдадориҳои худ маблағҳои суғуртавиро пардохт кард. «Вале агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин ду фоизро ба суратҳисоби мо нагузаронанд, дар ҳолати садамаҳо «Тоҷиксуғурта» ба паардохти маблағи суғуртавӣ уҳдадор нахоҳад шуд». – таъкид дошт директори корхона.
Директори генералии корхона ҳамчнуин гуфт, танҳо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маблағи фоизҳои муқарраршуда аз ҳар як билети фурӯхтаро ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» мегузаронад, ки аз ҳар як билет тақрибан 5-6 долллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста