Дар доираи баргузории ҷаласаи 12-уми комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе таҳти унвони «Муколамаи Русияву Тоҷикистон» конфронс ҷараён дорад.
Дар кори конфронс зиёда аз 30 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Русия ва беш аз 40 нафар соҳибкорони тоҷик ҳузур дошта, аз ҳарду ҷониб намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла энергетикаву саноат, соҳаи истихроҷи нафту газ, зербинои нақлиёт, алоқа ва ҳамчунин бахши бонкӣ ширкат меварзанд.
Бино ба маълумоти дастандаркорони конфронс, ҳадафи аслии баргузории конфронс таҳкими муносибатҳои корӣ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, ҷалби сармоягузорӣ, дарёфти шарикон ва баррасии масоили ҳамкориҳои рӯзмарра ва самтҳои ояндадори он мебошад.
Дар конфронс ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, сафир Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар низ иштирок доранд.
Аз рӯи натиҷаҳои конфронс имзои қарордодҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла миёни Пажуҳишгоҳи Вазорати накиёти ҶТ ва ҶСП КИ «Возрождение»-и Русия дар назар буда, ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорони кишварҳо доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста