Соли гузашта дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун дар зинаи аввали судӣ як қатор аризаҳои даъвогӣ бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки тӯли сол даъвои ҶДММ «Венстранстрой» (Маскав) аз болои ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар бораи рӯёнидани беш аз 5,6 млн. сомонӣ, даъвои КВД «Белтранс» (Минск) нисбати соҳикори инфиродӣ Раҷабов оид ба рӯёнидани зиёда аз 2,2 млн. сомонӣ ба фоидаи даъвогар ва даъвои КМ «Таком Голд» нисбати ширкати чинӣ оид ба сармоягузорӣ ва рушди «Сзиан ЛТД» дар бораи бекор кардани шартномаи тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ ва рад карда шудааст.
«Ғайр аз ин, аризаи даъваогии ҶСК «Межрегиональный Транзит Телеком» дар бораи рӯёнидани қарз дар ҳаҷми беш аз 2,7 млн. сомонӣ аз ширкати тоҷикистонии фароҳамсози интернети «Сатурн-Онлайн» баррасӣ ва қисман қонеъ кард шуд», - иброз дошт раиси Суди олии иқтисодӣ.
Ба қавли ӯ, айни замон боз як қатор парвандаҳо бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
Зимнан зикр гардид, ки Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ соли гузашта дар маҷмӯъ 454 парвандаро баррасӣ карда, ба маблағи ҳудуди 31 млн. сомонӣ ва қариб 6 млн. доллари ИМА аризаҳои даъвогӣ қонеъ карда шудаанд.
Аз ин миқдор маблағи беш аз 2,1 млн. сомонӣ ва беш аз 3,5 млн. доллари ИМА ба фоидаи корхонаҳои давлатӣ рӯёнида шуда, ба фоидаи буҷети давлат дар ҳаҷми зиёда аз 1,3 млн. сомонӣ маблағ ситонида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста