Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ бо Русия дар соли 2013 изҳори нигаронӣ намуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни конфронс бахшида ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҷонибҳо дар ин робита зикр кард, ки нишондиҳандаи ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2013 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба солҳои пешин нисбатан камтар (4%) аст.
«Коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар навбати аввал ба мушкилоти ҳамлу нақли мол тариқи роҳи оҳан марбут аст, ки тайи чанд соли ахир Тоҷикистон ба он дучор аст», - иброз дошт Қ.Қосим.
Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷараёни рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русияро мусбат арзёбӣ мекунад. «Ҳаҷми муомилоти молии соли гузашта миёни кишварҳо ҳадди ниҳоӣ нест ва ояндаи наздик мо ба натиҷаҳои мусбату назхаррас дар ин самт умедворем», - гуфт ӯ.
Бо истинод ба назари коршиносони русиягӣ, сафир изҳор кард, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 20-30% хоҳад афзуд. «Ба ин омил афзоиши содироти ашёи хом аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳамчунин бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда мусоидат хоҳад кард», - илова кард Игор Лякин-Фролов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста