Аввали ҳафтаи равон вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибн Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.
Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Қ. Косимов оид ба вазъи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва самтҳои муносиб барои ҳамкорӣ бо давлати Қатар маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ бо ҷалби сармоя ва технологияҳои замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти бозоргири ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ ва содироти он ба давлати Қатар имконпазир аст.
Ҳамзамон, таъкид намуд вазир, байни кишварҳои мо заминаи мусоиди ҳуқуқӣ — Ёддоштҳои тафоҳум оиди таъсиси Шӯрои слоҳибкорони Тоҷикистону Қатар, сармоягузорӣ, соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ба тасвиб расидааст. Ғайр аз ин Қосимов Қ. ёдовар шуд, ки байни давлатҳои мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва техникию илмӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи аввали он моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Сафири давлати Қатар аз пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии кишварашро ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон махсусан мевагиҳо, асал ва маҳсулоти чорводорӣ иброз намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки кмишоварзони Қатар ҳамагӣ 1 фоизи талаботи аҳолиро ба махсулоти кишовархзӣ таъмин намуда, ниёз ба воридоти он доранд. Бо ин мақсад ҳукумати Қатар омода аст барномаҳои сармоягузории Тоҷикистонро барои истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ намуда, содироти онро ба кишвараш ташкил намояд.
Қарор дода шуд, ки барномаҳои инвеститсионии вазорати кишоварзӣ ба сафорати Қатар пешниҳод гардида, бо кӯмаки сафорат мутахасисони соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ба Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Тибқи хулосаву пешниҳоди онҳо нақшаи ҳамкориҳо тартиб дода шуда, минбаъд барномаҳои муштараки сармоягузорӣ дар марзи Тоҷикисон амалӣ хоҳад гардид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста