Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2013 моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ қариб 8% афзуд.
Бино ба маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз рӯи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мегардад, моҳи декабр дар саросари кишвар 1 млрд. 418 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи ноябр 42,4 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2012 ба миқдори 78,2 млн. кВт/соат камтар буд.
Моҳи декабр ҳаҷми умумии истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 368 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи ноябр 10,1% зиёдтар мебошад.
Моҳи декабри соли равон нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ҳаҷми 41 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 17,4 млн. кВт/соат камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблаги умумии 33,2 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар нерӯи барқ содирот кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 қариб ба андозаи 56% бештар мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби коҳиши маҷрои дарёи Вахш ба обанбори Норак, аз охири моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста