Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор намуд, ки дар баробари дигар мақомот, Вазорати кишоварзии ҶТ низ аз басташавии марзи Қирғизистон нигаронӣ дорад.
«Нуриҳои минераливу техникаи кишоварзӣ асосан тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шуда, ин ягона роҳи таъмини бахши кишоварзии ҷумҳурӣ бо захираҳои моддиву техникӣ аст ва умедворем, ки ояндаи наздик мушкилот дар марз ҳал мешаванд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, баста шудани марз бо Қирғизистон метавонад ба киштукори баъзе зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ пас аз муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба ҳамаи панҷ гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, айни замон танҳо як гузаргоҳи марзӣ дар ағбаи Кизил-Арт дар Мурғоб кушода аст, ки дар як рӯз ба убури як автомашина тариқи он иҷозат дода мешавад.
Дигар гузарргоҳҳои марзӣ – се гузаргоҳ дар вилояти Суғд ва гузаргоҳи «Қарамик» дар вилояти Ӯш бо ноҳияҳои Рашти Тоҷикистон баста боқӣ мемонанд. Каме дуртар аз гузарогоҳҳо ҷамъшавии миқдори зиёди автомашинаҳо бо бор барои Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Алҳол маълум нест, ки марз кай кушода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста