Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти таъмир ва нигоҳдории ҳолати коршоямии роҳи филиали IRS дар минтақи Варзоб, ки бинобар сабаби боришоти шадид рӯзҳои истироҳат баста шуда буд, идома доранд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, сарфи назар аз идомаи тармафароӣ, кормандони филиал бо истифода аз техникаи махсус ба тозакунии роҳ машғуланд.
«Айни замон тамоми бригадаҳо дар километри аз 62 то 73-юм, ки яке аз мавзеъҳои мушкилтарини роҳ маҳсуб меёбад, роҳро тоза мекунанд», - иттилоъ доданд дар ширкат.
Зикр мегардад, ки рӯзи 24-уми январ дар километри 45-ум яке аз тармаҳои фаромада маҷрои оби дарёро баста, ба вайроншавии қитъаи роҳ таҳдид кардааст. «Ба туфайли чораҳои саривақтӣ маҷрои дарё боз шуда, об аз қитъаи роҳ дур карда шуд», - гуфтанд дар ширкат.
Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳ тасмим гирифта шудааст, ки дар километри аз 45 то 73-юм ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад. «Дар ин робита аз ронандагон хоҳиш мекунем, ки аз сафар ба ин минтақаи роҳ муваққатан худдорӣ кунанд», - дархост мешавад дар иттилои ширкат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста