Ба ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, иҷозат дода шуд.
Бино ба маълумоти филиали ширкати IRS, қитъаи Варзоби роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак аз оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт мувофиқи реҷаи БДА амалӣ карда мешавад.
«Айни замон роҳдорони намояндагии Варзоби филиали IRS корҳоро ҷиҳати васеъ кардани қисми мошингард дар ҷойҳои тармафароӣ оғоз намуданд. Дар иҷрои корҳои мазкур зиёда аз 18 техникаи махсус мавриди истифода қарор доранд», - иттилоъ медиҳад филиали ширкат.
Дар маълумот ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз хубтар гардидани шароити обуҳаво, то ҳанӯз хавфи фаромадани тармаҳо дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳ боқӣ мемонад.
«Бинобар ин, аз тамоми истифодабарандагони рох хоҳиш карда мешавад, ки мувофиқи имкон аз ҳаракат дар қитъаи мазкур худдорӣ намоянд», - дархост мекунанд кормандони филиал.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста