- Ҳавопаймои навъи МА-60-и истеҳсоли Чин солҳои наздик дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор намегирад, - изҳор кард зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳодисаи тобистони соли 2013 бинобар ҷой доштани мушкилот бо чархаҳои ин ҳавопаймо, ки он бо бархӯрд ба замин ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад, алҳол дар Тоҷикистон аз ин ҳавопаймо истифода намешавад.
Муовини директори генералии ширкат оид ба масоили иқтисодӣ Икром Мавлонов дар ин робита зикр кард, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру барқароркунӣ, ки аз ҷониби ширкати чинии истеҳсолкунандаи ҳавопаймо – «Ксянь Эйрграфт интернейшнл корпорейшн» анҷом дода шуд, ҳавопаймои зикршуда пурра барқарор карда шудааст.
«Тасмим гирифта шуд, ки ҳавопаймо дар Афғонистон фаъолият хоҳад кард. Бо ширкати ҳавопаймоии East Horizon Airlines-и Афғонистон ба муҳлати 1 сол қарордод ба имзо расида, аз ҳисоби маблағи истифодаи он дар Афғонистон ширкати «Тоҷик Эйр» пардохтҳои лизингӣ назди ширкати чиниро амалӣ месозад», - иброз дошт ӯ.
Директори генералии ширкат дар навбати худ ҳамчунин зикр кард, ки ширкат аз харидани ҳавопаймои дуюми навъи МА-60-ро, ки ҳанӯз соли 2011 нияти хариданашро эълом дошта буда, даст мекашад.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мусофиран асосан парвоз бо ҳавопаймои Боингро интихоб мекунанд ва вақте огаҳ мешаванд, ки павроз бо ҳавопаймои навъи МА-60 анҷом дода мешавад, изҳори нороҳатӣ мекунанд, зеро бо бисёр сабабҳо, аз ҷумла муҳлати парвоз низ ин ҳавопаймо қобили қабул нест. Ин ба камбуди мсуофирон дар ин ҳавопаймоҳо боис гардида, аз ин рӯ, мо онро ба иҷора ба Афғонистон додем, зеро арзиши лизингро пардохт намудан зарур аст», - афзуд Ҳамроев.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста