Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ бо президенти ширкати Tethys Petroleum Limited Дэвид Робсон масъалаи фаъолияти минбаъдаи ин ширкат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, ҷонибҳо атрофи масоили таҳияи нақшаи амали минбаъдаи фаъолияти ширкат ва роҳҳои ҷудо кардани воситаҳо барои эҳтиёҷоти ширкат ҷиҳати таҳқиқи минтақаҳои пешбинишуда табодули назар намуданд.
Мақомоти раҳбарии Саридораи геологияи ҶТ ба намояндагони ширкати Tethys Petroleum Limited барои кумаки молиявӣ дар амалисозии лоиҳаҳои қаблӣ минннатдорӣ изҳор намуда, зикр кард, ки ба туфайли ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз нигоҳи геологӣ сарватманд ва рушдёфта ҳарф мезананд.
Ширкати байнулмилалии нафту гази Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ахири моҳи июли соли 2012 мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.
Пас аз ин изҳорот ширкатҳои бузурги ҷаҳоние чун Total Exploration and Production («Total») ва Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) низ ба захираҳои нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Аввали моҳи январи соли равон Сарраёсати Идораи геологияи назди ҳукумати ҶТ изҳор дошт, ки умедвор аст , сармоягузорӣ ба бахши нафту газ ва корҳои иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC давоми соли 2014 оғоз меёбанд.
Зимни нишасти хабарӣ сардори тозатаъини Идораи мазкур Мурод Ҷумъаев дар ин робита изҳор кард, ки ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC дар бозори нафту гази ҷаҳон аз ширкатҳои муваффақ шинохта шуда, ба Тоҷикистон рӯ овардани онҳо умедвориҳои зиёдеро ба бор меоварад. «Имсол онҳо самти корҳоро муайян хоҳанд кард», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста