Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми пули нақди дар Тоҷикистон мавриди гардиш қарордошта 4 млрд. 485 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 22,3% зиёдтар аст.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита зикр кард, ки агар нишондиҳандаи соли 2012 бо нишондиҳандаи соли 2002, замони мавриди истифода қарор гирифтани асъори миллӣ муқоиса шавад, пас ҳаҷми пули нақд дар гардиш 41 маротиба афзудааст.

«Дар ин самт пешравии мо хеле босуръат буда, лекин иқтисод ҳам босуръат рушд мекунад. Маслан, агар ММД ба ҳар сари як аҳолиро гирем, соли 2013 он ба нишондиҳандаи таърихӣ – 1 ҳазору 41 доллари ИМА расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2012 он каме бештар аз 900 $-ро ташкил медод», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси БМТ, агар иқтисод ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дошта бошад, ин нишондиҳандаҳо ҳам минбаъд афзоиш хоҳанд ёфт.