Корманди Фармондеҳии Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC): Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мехоҳад аз ширкатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фиристодан ба Афғонистон ба маблағи наздик ба 100 миллион доллар мол харидорӣ намояд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ хабар доданд, Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC), Фармондеҳии Марказии Америка дар доираи лоиҳаи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» мехоҳанд аз истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон ба маблағи наздик ба 100 миллион доллар чизу чора бихаранд. C-JTSCC ба ин манзур маводи сохтмонӣ, мебел, колоҳои барқӣ, доруворӣ, генераторҳо, маҳсулоти ҳадяӣ ва чопӣ, техникаи идорӣ ва маишӣ ва дигар намудҳои молро барои фиристодан ба Афғонистон харидорӣ мекунад.
C-JTSCC аз ин роҳ мақсад дорад саҳми худро дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ворид намояд. Ба гуфтаи Алмаз Дюшембиев, мудири иҷроии лоиҳаи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» ин харидори дар доираи пешниҳодҳои тиҷорӣ анҷом мегирад, ки ба соҳибкорони хусусӣ ва ширкатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ афзалият дода мешавад. Вай изҳор дошт, ки харидҳо аз тариқи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» сурат мегирад ва ин лоиҳа аз ҷониби C-JTSCC» сармоягузорӣ хоҳад шуд.
Намояндаи C-JTSCC, таъкид кардааст, ки ин Портал барои рушди рақобати минтакавӣ мусоидат намуда, аз пешрафти тиҷорати маҳаллӣ ҳимоят мекунад. Портал барои тоҷирони Осиёи Марказӣ хизматгузории машваратии ройгонро анҷом дода, як қатор машқҳои омӯзиширо доир хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста