Соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло мераванд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон як комиссияи маҳсуси ҳукуматӣ ба баррасии ин масъала машғул аст.
«Ин масъаларо комиссияи ҳукуматӣ таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ дошта, пас аз итмоми кори ин комиссия метавон дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод намуд, зеро то дар дасти ман ҳуҷҷати хулосавии ин комиссия набошад, ман наметавонам бигӯям, ки тарофаҳо кай ва ба кадом миқдор боло хоҳанд рафт», - иброз дошт вазир.
Болоравии тарофаҳо ба истифодаи нерӯи барқро вазир чунин шарҳ дод, ки тайи чанд моҳ аст, ки кормандони низоми энергетикии кишвар музди меҳнаташонро гирифта наметавонанд ва ба ҷуз ин, ширкати «Барқи тоҷик» низ қарзҳои зиёд дорад. «Бо ягон навъе имрӯз фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ширкати «Барқи тоҷик»-ро беҳтар кардан лозим аст», - афзуд У.Усмонов.
Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.
Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста