Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов мутмаин аст, ки доир ба лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баҳои мусбат дастрас хоҳад гардид.
Зимни нишасти хабарӣ ӯ дар ин робита изҳор кард, ки коршиносони байнулмилалӣ қисмати зиёди корҳои арзёбии лоиҳаро ба охир расонида, қисмати асосии он тобистони соли равон ба анҷом мерасад.
Ба гуфтаи Усмонов, тибқи мувофиқа бо Бонки ҷаҳонӣ, дар майдони сохтмони нерӯгоҳ айни замон танҳо корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд. «Пас аз дастрас кардани хулосаи Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои мушовир мо ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз мекунем», - иброз дошт вазир.
Номбурда бори дигар изҳори итминон кард, ки ин масъала барои Тоҷикистон мусбат ҳаллу фасл шуда, «мо ба идомаи сохтмони чунин нерӯгоҳи барои кишвар зарур ва муҳим имкон падо мекунем».
Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.
Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.
Ахири соли гузашта марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар иттилоияи баъди машварат пахшшуда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ зикр гардид, ки санаи баргузории марҳилаи панҷуми вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарё каме дертар муайян карда мешавад.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста