Шамоли шадид аз самти ғарб ба пойтахт ба маҳдуд шудани фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) боис гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ФБД хабар доданд, айни замон парвози ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе боздошта шудааст.
«Барои парвоз аз фурудгоҳ маҳдудият вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки тамоми ҳавопаймоҳои аз фурудгоҳи Душанбе парвозкарда мувофиқи ҷадвал ба нуқтаи таъинот мерасанд. То беҳтар шудани вазъи обуҳаво фурудгоҳ қабули ҳавопаймоҳоро муваққатан маҳдуд карда, айни замон дар бораи кай беҳтар шудани вазъи обуҳаво мо маълумот дар даст надорем», - гуфтанд дар фурудгоҳ.
Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти ҷадвали парвозҳо, имрӯз, 1-уми феврал қабули 16 ҳавопаймо дар ФБД дар назар буда, шабона 5 ҳавопаймо ба майдони ҳавоӣ нишастаанд. Парвози ҳавопаймоҳои дигар – аз Маскав, Хуҷанд, Алмаато, Новосибирск, Кобул, Оренбург ва Урумчӣ нимаи дуюми рӯз дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста