Соли 2013 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 672,4 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 273,5 кило зиёдтар буда, аз нақшаи пешбинишуда (2,5 тонна) барзиёд аст.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобоев дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон афзоиши иқтидорҳои КМ «Зарафшон» дар назар буда, коргоҳи нав бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ба истифода дода мешавад.
«Аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон соли гузашта 973,87 килояш ба хориҷи кишвар содир шуда, 370,92 килояшро Вазорати молия, 1 ҳазору 382,5 килояшро Бонки миллии Тоҷикистон ва 3,12 килояшро корхонаҳои истеҳсоли маснӯоти заргарӣ хариданд», - иброз дошт Ш.Бобоев.
Ба итилои вазир, соли 2013 КМ «Зарафшон 1 ҳазору 694,76 кг, КМ «Апрелевка» - 516,74 кг, корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик» - 364,90 кг, коргоҳи заршӯии «Одина – 167,62 кг ва дигар корхонаҳои хурд миқдори боқимондаи тиллоро истеҳсол кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон 1 ҳазору 832 килоро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 64 кило зиёдтар буда, тамоми нуқраи истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар бароварда шудааст ва танҳо 22,08 килояшро Вазорати молияи кишвар ва 92,51 килояшро корхонаҳои заргарӣ харидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста