Нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012, соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ба андозаи 12% афзуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ бо такя ба маълумотҳои пешакии бонкҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли 2013 шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 20,1 млрд. сомонӣ ё тақрибан 4,2 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол додаанд.
Дар Агентии омор қайд карданд, ки соли 2012 шахсони воқеӣ тариқи низомӣ бонкӣ ба Тоҷикистон 17,6 млрд. сомонӣ ё худ 3,7 млрд. доллари ИМА интиқол дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи интиқолёфта ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2013 нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 49,6%-ро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли гузашта ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40,5 млрд. сомониро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 Тоҷикистон аз ҷиҳати таносуби ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ нисбат ба ММД дар сафи пеши кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт. Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита зикр гардида буд, ки ҳамон сол тоҷикон ба ватан маблағи пулии баробар ба ҳудуди 47%-и ММД-и кишварро интиқол додаанд.
Аксари коршиносони соҳа дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки қисмати бештари маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфта ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ маблағҳои ба оилаҳояшон фиристодаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Аммо мансабдорон бар ин боваранд, ки қисмати зиёди ин маблағҳоро воситаҳои аз содироти хурд воридшуда, аз ҷумла содирот аз хушкмева ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, соли гузашта беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста