Масъалаҳои рушди бонкинги мобилӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ ё бонкинги электронӣ) ва дурнамои ҷорисозии он рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баррасӣ мешаванд.
Тавре аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ ба ин муносибат Корпоратсия натиҷаҳои таҳқиқоти тоза оид ба паҳншавии бонкинги мобилӣ мутобиқи усул ва меъёрҳои байнулмилалиро манзур хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, дар таҳқиқоти мазкур хулосаҳо дар ин самт баррасӣ шуда, тавсияҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори молиявӣ тавассути тавсеъаи дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ бо ёрии бонкинги мобилӣ пешниҳод карда мешаванд.
Хизматрасонии фосилавии бонкӣ (бонкинги электронӣ) –хизматрасоние мебошад, ки бо истифодаи воситаҳои барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионӣ барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, гирифтани иттилоот оиди бақияи маблағ дар суратҳисоби бонкӣ ва амалиёти гузаронидашуда, ба муштарӣ дастрасии фосилавиро ба суратҳисоби бонкии ӯ дар ташкилоти қарзӣ имконият медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста