Соли 2013 ҳудуди 970 млн. кВт/соат нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба маблағи умумии 33,6 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар содир карда шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор 99,2% ба Афғонистон ва 0,8% ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон интиқол дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳамагӣ 21 млн. кВт/соат ба маблағи 211 ҳазор доллари ИМА нерӯи барқ ворид шудааст. Воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон баҳори соли гузашта, давраи ба камбуди шадиди барқ дучор шудани кишвар сурат гирифтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ҳаҷми воқеъии талафоти он зиёда аз 2,5 млрд. кВсоат (15% аз ҳаҷми умумии истеҳсол)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 0,5% зиёдтар аст. Маблағи умумии фурӯши барқ ба ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (тақрибан 230 млн. $) баробар шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста