Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳо аз истифодаи барқи корхонаҳои саноатӣ, асосан корхонаҳои хусусӣ ошкор шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиши фаъолияти воҳидҳои зертобеъи ин ширкат дар ноҳияҳои тобеи марказ ошкор шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳо қарзҳои аҳолӣ аз истифодаи барқ панҷ маротиба зиёд нишон дода шудаанд.
Ӯ зикр кард, ки дар ҷараёни санҷиши фаъолияти корхонаи «Система» дар вилояти Суғд далелҳои дуздии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ ошкор шудаанд. «Ман ваъда медиҳам, ки муддати ду-се моҳи минбаъда санҷиши далелҳои дуздии барқ дар ҷумҳурӣ ба итмом расида, гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд», - иброз дошт Саидов.
Сардори Агентии зиддифасод ҳамчунин таъкид кард, ки соли гузашта дар низоми энергетикии кишвар 26 парвандаи ҷиноии марбут ба ришваситонӣ боз шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста