Зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сардори хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба масъалаи нархи истифодаи нерӯи барқ изҳор кард, ки моҳҳои наздик тарофаҳои истифодаи барқ тағйир намеёбанд ва агар дар давоми сол тағйир дода шаванд ҳам, он чандон назаррас нахоҳад буд.
Дар ширкат аз тафсилоти бештари ин масъала худдорӣ намуда, зикр карданд, ки «ширкати энергохолдингӣ истеҳсолкунандаи барқ аст ва тарофаҳоро бошад, комилан сохторҳои дигар муқаррар мекунанд».
«Ин масъала ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ дахл дорад. То ҳанӯз мо дар бораи боло бардоштани тарофаҳо дастур нагирифтаем. Вақте дастури дахлдори ҳукумат дар ин бора ба мо расад, сипас мо метавонем, ки тарофаҳоро афзоиш диҳем», - гуфт муовини раиси ширкат Даврон Давлаталиев.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни замон тарофаи миёна ба нерӯи барқ дар саросари кишвар 1,83 сент барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар паҳнои кишварҳои собиқи шӯравӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии ҳафтаи гузашта вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов дар ин маврид зикр карда буд, ки соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста