Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон пешакӣ молики иншооти баҳсноки воқеъ дар қаламрави ҳарду кишварро муайян кард.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласаи 12-уми ин Комиссия муайян карда шудааст, ки дар қаламрави Қирғизистон 30 иншооти асосии Тоҷикистон мавҷуд буда, тибқи маълумоти пешакӣ, чунин иншооти Қирғизистон дар Тоҷикистон 6 адад будааст, вале барои собит сохтани ҳуқуқи моликият ба онҳо мебояд корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ахири Комиссия гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳарду кишвар таъсис дода шудааст, ки айни замон ба ҳалли ниҳоии иншооти баҳснок машғуланд.
Қобили зикр аст, ки ин иншоот асосан дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ буда, ба кадом ҷониб тааллуқ доштани 36 иншоот дар сатҳи маҳаллӣ ҳеҷ ҷойи баҳс надорад, вале дар сатҳи байниҳукуматӣ ин масъала то ҳанӯз нашудааст.
Замони шӯравӣ марзҳои кишварҳо дақиқан муайян набуданд ва аксари иншооти як кишвар дар қаламрави кишвари дигар воқеъ буда метавонистанд. Аммо пас аз рӯйдодҳои ахир дар марз, зарурати ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала пеш омадааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баст.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста