Комиссияи кории ширкати «Барқи тоҷик» дар кори ширкатҳои Ҳиндустон дар таҷдиди нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» як қатор камбудиҳоро ошкор кард.
Аз ШСХК «Барқи тоҷик» ба хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин сабаб қабули кори иҷрошуда аз ҷониби ширкатҳои Ҳиндустон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст. Мушаххасан дар бораи ҷузъиёти ин камбудиҳо маълумот дастрас нагардид.
Ёдрас мекунем, ки ба корҳои азнавсозии неурӯгоҳи обиву барқии «Варзоб-1» ду ширкати Ҳиндустон - Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) и National Power Corporation (NHPC) машғул мебошанд. Аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон барои амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 17 млн. доллари ИМА бурс ҷудо карда шуд.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.
Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» - 7,4 МВт ва «Варзоб-3» - 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.
Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста